Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) маҷмӯи ашё, амал ва қоидаҳое мебошанд, ки дар раванди таҳия ва интиқоли маълумоти барои алоқаи шахсӣ, оммавӣ ё истеҳсолӣ зарурӣ истифода мешаванд.
Аввалин Маркази Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) дар Тоҷикистон ин ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ТИК» мебошад, ки соли 2007 дар шаҳри Душанбе аз тарафи Талъат Нӯъмонов, Асомуддин Атоев, Муҳаммадӣ Ибодуллоев ва Меҳрангез Нӯъмонова кушода шудааст.
Мақсаду вазифаи асосии Маркази ТИК баланд бардоштани кор бо технологияи иттилоотӣ, рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи технология бо гузаронидани тренингу машваратҳо барои муассисаҳои омӯзишӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Маркази ТИК то имрӯз беш аз 50 лоиҳаро амалӣ намудааст, ки аввалин лоиҳаҳои он кӯмак кардан ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ буд. Яъне, аз таъмиру танзими компютерҳо ва васлу насби Интернет то сохтани сомонаҳо.
Айни замон, Маркази ТИК дар Душанбе барои баланд бардоштани нақши занон дар соҳаи технология лоиҳаи «Тақвияти нерӯи духтарон дар соҳаи IT»-ро бо ҷомеаи «Time for women» пеш бурда истодааст, ки дар ин лоиҳа беш аз 50 нафар занону духтарон аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд иштирок менамоянд. Дар ин лоиҳа духтарон на танҳо соҳаи технология, балки соҳаи бизнесро низ аз худ мекунанд.
Хоҳишмандон метавонанд, ба курсҳои омӯзишӣ худро ҳам ба таври онлайн ва ҳам оффлайн номнавис намоянд.
Инчунин, Маркази ТИК курсҳои омӯзишии Академияи CISCO, асосҳои забони барномасозӣ дар Python ва Java script, Web барномасозӣ, асосҳои технологияи информатсионӣ, CCNA масир ва гузариш, асосҳои амнияти бехатарӣ ва маъмурияти системаҳо дар Linux амалӣ мекунад.
«Моҳи майи соли равон Маркази ТИК ёддошти ҳамкориеро имзо кард ва ба Эътилофи корфармоён, ки USAID ва Бунёди Оғохон дар доираи лоиҳаи «Табдили маҳаллӣ» («Местное преобразование») таъсис додаанд. Акнун мо дар омода кардани кадрҳо ва омода намудани онҳо барои сертификатсияи байналмилалӣ, барои кор дар ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, инчунин таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон ҳамкорӣ хоҳем кард», - мегӯяд роҳбари Марказ Талъат Нӯъмонов.
ТҶ «Маркази ТИК» бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ҳамкории худро ба роҳ мондааст, ки аз ҷумлаи онҳо: Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии «Good Neighborhood», Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳо мебошанд.