Бо ворид шудан ба ин лоиҳа ба фикр фурӯ рафта будам, ки чӣ тавр ман кор мекарда бошам, зеро таҷрибаи бо ҳамкасбони хориҷӣ фаъолият карданро надоштам. Инак муддати чанд моҳ аст, ки мо дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони кишвари ҳамсоя аз фарҳангу тамаддун, имконияту муваффақиятҳо, табиати афсункору маконҳои дилфиреб, соҳаи тиҷорату муносибатҳои ду кишвар мавод омода мекунем ва баҳри хонандагону тамошобинон пешкаш мегардонем. Таассуроти ман дар муддати фаъолият бо ҳамкасбони ӯзбекистонӣ бениҳоят аъло аст, зеро тавассути лоиҳаи “Соседи” мо ҳамдигарро аз наздик мешиносем. Матлабҳое буданд, ки бо мушкилиҳо омода мешуданд, вале бо гузаштани як марҳила пас аз нашри он аз дигарон мешунавӣ, ки ин корат хуб баромадааст завқи туро ба касбат бештар мекунад. Лоиҳаи "Соседи" маро водор кард то ба филму мусиқии кишвари ҳамсоя бештар таваҷҷуҳ кунам ва аз навгониҳои он огоҳ бошам. Ҳамзамон нашри аксу наворҳо аз ҷониби ҳамкасбони ӯзбекистонӣ маро барои сафар ба ин кишвар ҷалб кард, то аз минтақаҳои таърихии ниёгонамон, ки пайвандгари халқҳост дидан карда бошам. Умедворам дар фурсатҳои наздик ин орзуи ман амалӣ мешавад. Ба лоиҳа ва иштирокчиёни он муваффақият хоҳонам. Поянда бод дӯстии ҳамсояҳо!